Мирзиёев худ савори комбайн шуду ҳосили ғалларо ҷамъоварӣ кард - навор

Шавкат Мирзиёев ба деҳқонони "Ангор Сурхон урурӣ" дар ҷамъоварии ҳосили ғалла кумак расонд
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Сурхондарё ташриф овард. Дар ҷараёни сафари корӣ Мирзиеёв ба корҳои кишоварзони ин минтақа шинос шуда, натиҷаи меҳнати онҳоро баҳогузорӣ кард, менависад Sputnik Ӯзбекистон.
Ҳамин тариқ, Мирзиёев аз парваризи гандум ва пахта дар минтақаи Ангор шинос шуд. Кишоварзони Ангор ба раисиҷумҳур тарзи парвариз ва ҷамъоварии ғаладонагӣ ва пахтаро фаҳмониданд.
Пас аз ин, сарвари давлат қарор кард, ки ба кишоварзон кумак кунад ва худ савори комбайн шуда заминҳои ғалларо дарав намуд.
Аз навор маълум аст, ки дар дохили комбайн ҳамроҳи президент инчунин яу муҳофизи ӯ низ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки сафари кории Мирзиёев ба вилояти Сурхондарё субҳи 1 июн оғоз ёфт. Он ду рӯз давом мекунад. Роҳбари давлат ба парвариши анор ва парвариши кирмак диққати махсус медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала