Мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Покистон

© котиботи раисҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқот дар Покистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқот дар Покистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи сафари расмӣ дар Исломобод бо раисиҷумҳури Покистон, Ориф Алвӣ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо Ориф Алвӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Покистон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
"Ҷонибҳо оид ба афзоиши боз ҳам бештари додугирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ карда, барои расидан ба ин ҳадаф таквияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникиро зарур шумурданд", - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳур.
Татбиқи лоиҳаи САSA-1000 дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётӣ аз Тоҷикистон то бандарҳои баҳрии Покистон -Карочӣ ва Гвадар барои таҳкими робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд муҳим арзёбӣ гардид.
 Подписания соглашений / меморандумов о взаимопонимании между Пакистаном и Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Имрон Хон ба Раҳмон аз нигарониҳояш гуфт: агар созиш нашавад, террор зиёд мегардад
Роҳбарони ду давлат, таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустиро яке аз пояҳои устувори рушди муносибатҳо байни кишварҳо маънидод кардаанд.
Ттаъмини амният дар минтақа, муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ - терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот будаанд. Вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон заруранд, истиқбол мекунад.
Дар охири сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз Ориф Алвӣ барои боздид аз Тоҷикистон даъват кардаст.
Лентаи хабарҳо
0