Навори пешвозгирии Имрон Хон ва горди фахрӣ аз Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар Исломобод бо горди фахрӣ пешвоз гирифтанд
Сафари дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Покистон бо садо додани суруди миллии ду кишвар ва сафкашии горди фахрӣ оғоз гардид.
Бар асоси наворе, ки расонаҳои покистонӣ нашр намудаанд, зимни гузашт аз пеши горди фахрӣ Эмомалӣ Раҳмонро Имрон Хон, сарвазири Покистон ҳамроҳӣ мекунад. Онҳо ҳамчунин ниҳоли дӯстӣ шинонданд.
Ба ифтихори ду роҳбари давлат суруди миллии ду кишвар садо дод.
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар пойтахти Покистон барои пазироии меҳмони олимақом аксҳои сарони ду давлат, парчамҳо, шиору овезаҳо насб гардидаанд.
Дар ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистонро вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала