Дастури Путин барои ҷоннок кардани омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон: мӯҳлат то 15 июл

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент России Владимир Путин
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин барои беҳтар ба роҳ монда шудани омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон дастур дод
ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Владимир Путин, Вазорати маорифи Русияро муваззаф намудааст, ки омӯзиши забони русиро дар Тоҷикистон ҷонноктар намоянд. Ӯ аз ҷумла аз роҳбарияти ин ниҳод талаб кард, ки дар ин самт пешниҳодҳои нав таҳия намояд.
Зимнан, раисиҷумҳури Русия дастур дод, ки пешниҳодҳои нав бояд то рӯзи 15 июл таҳия шаванд.
"Вазорати маорифи Федератсияи Русия пешниҳодҳо оид ба чораҳои иловагии дастгирии омӯзиши забони русиро дар хориҷа, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Мӯҳлат то 15 июли соли 2021 дода мешавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷате, ки Кремл онро нашр намудааст.
Зикр мегардад, ки масъулияти асосӣ ба дӯши Сергей Кравтсов вогузор шудааст.
Қаблан, вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов бо Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода сӯҳбат телефонӣ анҷом дод. Ҷонибҳо таълими забони русиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ кардаву дар бораи сафари Кравтсов ба Тоҷикистон дар моҳи июн ба мувофиқа расида буданд.
Гуфта мешавад, муколама дар доираи татбиқи дастурҳои Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сурат гирифтааст, ки вазирро даъват намудааст, ки ба рушду дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.
Руководитель Федеральной службы по надзору в сфере образования и науки Сергей Кравцов в пресс-центре МИА Россия сегодня - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Вазирони маорифи Русияву Тоҷикистон таълими забони русиро баррасӣ карданд
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои хориҷи наздикро нокифоя хонд.
Ҳоло Русия азм дорад дар Тоҷикистон 5 макотиби русизабонро бунёд кунад. Ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода мохта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала