Русия хонандагони тоҷикро барои истироҳат даъват мекунад

© Sputnik / Макс Ветров / Гузариш ба медиабонкМеждународный детский центр "Артек", архивное фото
Международный детский центр Артек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Обуна шудан
Хонандагони тоҷик имсол метавонанд таътили тобистонаи худро дар истироҳатгоҳҳои Русия сипарӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов гуфт, ки имсол дар лагерҳои Русия бастҳои байналмилалӣ ташкил карда мешаванд. Дар доираи ин амал, кӯдакон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба Русия ба таътил меоянд.
"Дар ҳар як маркази кӯдакон мо таҷрибаи бастҳои байналмилалӣ, аз ҷумла кӯдакон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистонро идома хоҳем дод", - гуфт ӯ дар мулоқоти президенти Русия Владимир Путин бо аъзои ҳукумат.
Ба гуфтаи вай, барои кӯдаконе, ки аз хориҷа ҳастанд, як модули таълимии алоҳида барои омӯзиши забони русӣ пешбинӣ шудааст.
Кравтсов қайд кард, ки дар якҷоягӣ бо вазирони ин кишварҳо гурӯҳҳои корӣ барои таблиғи забони русӣ дар ин давлатҳо таъсис дода шудааст.
Қаблан, президенти Русия Владимир Путин ба Вазорати маорифи Русия дастур дод, ки барои дастгирии омӯзиши забони русӣ дар хориҷ, аз ҷумла дар Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия кунад.
Мӯҳлати таҳияи санад то 15 июли соли ҷорӣ муайян карда шудааст.
Владимир Путин омӯзиши забони русиро дар Тоҷикистон нокифоя хонд ва супориш дод, ки дар ин самт бояд корҳои беҳтар амалӣ гардида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0