Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон даъват шуд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксИмран Хан, примьер министр Пакистана
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Интизор меравад, ки Имрон Хон, сарвазири Покистон, моҳи сентябри соли равон аз шаҳри Душанбе боздид кунад
ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарвазири Покистон, Имрон Хонро ба Душанбе даъват кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, Имрон Хонро ба Душанбе даъват кард.
Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки имсол Тоҷикистон раёсати Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ӯҳда дорад ва моҳи сентябри соли равон дар пойтахти кишвар ҷаласаи ҷашнии ин Созмон доир мегардад.
 Подписания соглашений / меморандумов о взаимопонимании между Пакистаном и Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Имрон Хон ба Раҳмон аз нигарониҳояш гуфт: агар созиш нашавад, террор зиёд мегардад
“Мо даъвати худро аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Имрон Хон ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон дар ин давра ва иштирок дар нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмон таъкид кардем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ.
Ӯ афзуд, ки инчунин аз Имрон Хон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар вақти барояш муносиб даъват ба амал овардааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмонои ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ тавсиф намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, ки феълан бо сафари дурӯза дар Покистон қарор дорад, аз ҷараёни сафар ва санадҳои имзошуда миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала