Тиҷорат бештар мешавад: тоҷирони 13 минтақаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омаданд

© Торгово-промышленная палата Таджикистана Форум деловых кругов Таджикистана и Узбекистана
Форум деловых кругов Таджикистана и Узбекистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҳузури 100 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон аз 13 минтақаи ин кишвар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе беш аз 100 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон аз 13 минтақа, аз ҷумла аз Самарқанд, Сирдарё, Бухоро, Намангон, Қароқалпоқистон, Фарғона, Хоразм, Андиҷон, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, ва Тошканд дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, иштирок намуданд.
Тибқи иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон форуми мазкур дар доираи сафари расмии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон гузаронида шуд.
Гуфта шудааст, ба ҳайати Ӯзбекистон дар радифи соҳибкорон ҳамзамон намояндагони ҳукуматҳои шаҳрҳо ва вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил буданд.
Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки ҷониби Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ беш аз 100 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва инчунин намояндагони вазорату идораҳои манфиатдори Тоҷикистон намояндагӣ карданд.
В Минтрансе прошли межправительственная комиссия между Таджикистаном и Узбекистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Созиши Тоҷикистону Ӯзбекистон барои мусофирбарӣ тариқи автобусҳо
Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҷониби Ӯзбекистонро дар масъалаҳои ташкили корхонаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллии Тоҷикистон ва бо назардошти бозорҳои ҳамсоякишвар ҳам бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон даъват намуда гуфт, ки бо фаъолияти Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон шинос шаванд, ки дар онҳо имтиёзҳо ва афзалиятҳои зиёд фароҳам оварда шудаанд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аҳамияти тақвияти минбаъдаи робитаҳои тиҷоратии байни соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дар амиқтар намудани ҳамкории дуҷонибаи ду кишвар, алалхусус дар давраи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, бинобар паҳн шудани пандемияи COVID-19 дар саросари ҷаҳон махсус таъкид намуд.
Зикр шуд, ки аҳамияти баргузории мулоқоти корӣ дар формати B2B пеш аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала