Тоҷикистон Қазоқистонро бо об таъмин мекунад

© Sputnik / Konstantin MihalchevskiyҒуруби офтоб дар соҳили Баҳри Сиёҳ дар наздикии деҳаи Морское дар Қрим.
Ғуруби офтоб дар соҳили Баҳри Сиёҳ дар наздикии деҳаи Морское дар Қрим. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Вазирони Тоҷикистону Қазоқистон, Далер Ҷумъа ва Магзум Мирзагалиев ба тавофуқ расиданд, ки аз "Баҳри сиёҳ" ба он кишвар об интиқол дода мешавад
ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири экологии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев баргузор шуд, хабар медиҳад агнетии Ховар.
Дар мулоқот вазъи мушкили ҳавзаи Сирдарё баррасӣ шуд ва қайд гардид, ки соли равон Ҷумҳурии Қазоқистон ба камобӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Зимнан, вазирони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт ба ҳамдигар кумак хоҳанд расонд.
Аз ҷумла Тоҷикистон ба Қазоқистон аз обанбори "Баҳри сиёҳ" 315 миллион метри мукааб об медиҳад. Ин миқдор обро Ҷумҳурии Қазоқистон аз мамлакат давоми се моҳ: аз июн то август хоҳад гирифт.
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷабборов аз бозсозии Маркази тақсими об "Головной" хабар дод
Гуфта мешавад, оби интиқолдода аз Тоҷикистон вилоятҳои Туркистону Қизилурдаро аз камобӣ наҷот медиҳад.
Дар мулоқот ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар сурати паёмадҳои манфии камшавии иловагии обанбори "Баҳри Тоҷик" ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон ёрии моддӣ ва техникӣ мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи май кишварҳои Осиёи Марказӣ меъёрҳои обгирӣ ва реҷаҳои кории силсилаи обанборҳои Норин-Сирдарёро барои мавсими нашъунамои зироатҳо дар соли 2021 тасдиқ карданд.
Аз соли 1992 ба ин тараф байни Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон созишнома "Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии муштараки истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби манбаъҳои байнидавлатӣ" амал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала