Заҳролудшавии оммавӣ дар ошхонаи Бишкек - ​​22 нафар бистарӣ шуд

© PixabayКухонная посуда, архивное фото
Кухонная посуда, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Ошхона то анҷоми санҷиш баста мемонад, маъмурият 15 ҳазор сом ҷарима баста шуд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар "Ошхонаи №1" - и шаҳри Бишкек, ки дар кӯчаи Маскав воқеъ аст, даҳҳо нафар пас аз истеъмоли ғизо заҳролуд шуданд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба сухангӯи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии кишвар Махамат Мурзашев хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки заҳролудшавӣ рӯзҳои 25-26 май ба қайд гирифта шуд.

"Ҳама одамони заҳролудшуда гуфтанд, ки онҳо бризол (хамлапа бо гӯшт) хӯрданд. Дар беморхонаи минтақавии Чуй 13 нафар бемор ҳастанд, дар беморхонаи Тоқмоқ 9 нафар бистарӣ шуданд. Онҳоро дар беморхонаи ҷумҳуриявии сироятӣ ҷой надоданд, зеро дар ин дармонгоҳ маризони коронаиврус таҳти табобат қарор доранд", - шарҳ дод Мурзашев.

Ошхона то анҷоми санҷиш баста мемонад, маъмурият 15 ҳазор сом ҷарима баста шуд.
Теъдоди заҳролудшудагон дар Қирғизистон аз решаи тавсиядодаи вазир афзоиш ёфт
Ёдрас мешавем, пештар ҳадди ақал чор нафар бар асари истеъмоли решаи заҳролуди растании исиқкулӣ, ки аз ҷониби мақомоти Қирғизистон чун доруи коронавирус муаррифӣ шуда буд, заҳролуд гардиданд.
Международная выставка продуктов питания Продэкспо-2015 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2020
Бодиринги сархӯр: заҳролудшавии 11 узви ду хонавода дар Данғара
Қаблан табобати бемории коронавирус бо решаи растании исиқкулиро раисиҷумҳури Қирғизистон ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ пешниҳод карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, шираи ин реша беморро аз коронавирус тайи ду - се рӯз халос мекунад.
Аммо Кумитаи масоили иҷтимоӣ ба вазири тандурустӣ изҳори нобоварӣ кард, чун ин растанӣ заҳрдор буда, табибони таҷрибадор муолиҷа бо чунин шеваро раво намедонанд.
Facebook низ ба ин шеваи табобат бовар накарду постҳои қаблии Содир Ҷабборов дар мавриди ин тарзи муолиҷа аз СOVID-19 пок кард. Дар ширкат ин гуна изҳоротро дурӯғпароканӣ хонданд, ки ба саломатии инсон хатар дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала