Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи беморхонаҳои Хатлон ошно шуд

© Вазорати тандурустӣБоздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз беморхонаҳои вилояти Хатлон
Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз беморхонаҳои вилояти Хатлон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ҳамроҳи намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ бо вазъи хизматрасонии тиббӣ дар вилояти Хатлон ошно шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Дар ин сафар, вазир бо намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ аз беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ва дигар иншооти соҳавӣ дидан кардааст.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз сафари ҳайати корӣ шиносоӣ аз рафти муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои тиббӣ ва боздид аз вазъи феълии хизматрасонии тиббӣ аст.
Маркази омӯзишӣ барои маъюбон Даргоҳи умед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Ифтитоҳи маркази ҳунаромӯзӣ барои кӯдакони маъюб дар Хуҷанд
Инчунин, гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Данғара рафта, аз вазъи хизматрасонии тиббии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи мазкур дидан намуда, бо шароити феълии муассиса шинос шуданд.
Ҳамзамон дар доираи сафар ба ноҳияи Данғара гурӯҳи корӣ аз вазъи таълиму тарбия ва касбомӯзии толибилмон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара дидан намуда, бо шароити илмомузиву барномаҳои таълимии устодон шинос гардиданд.
Манбаъ мегӯяд, намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ аз ҳамкориҳои пайваста бо Ҳукумат дар тамоми ҷанбаҳо, хосатан дар бахши тандурустӣ изҳори хушнудӣ намуданд.
Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз бемористонҳо дар Данғара ва Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Абдуллозода бемористонҳои Данғара ва Кӯлобро санҷиду ба масъулин супориш дод
Гуфта мешавад, ки онҳо ба вазъи феълии хизматрасонии тиббӣ дар минтақа баҳои хуб доданд ва бобати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар вилоят, хосатан дар самти таъмини марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ барои ҳамкорӣ ва кӯмак ҳавасмандии хешро иброз намуданд.
Ногуфта намонад, ик дар ин сафар, Ҷамолиддин Абдуллозодаро намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ, аз қабилӣ Ян-Питер Олтерс, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Точикистон, Сезин Синаноглу, Ҳамоҳангсози доимии СММ, Осама Маккавӣ, намояндаи ЮНИСЕФ, инчунин намояндагони Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон (Лоиҳаи ТЕС-19), Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ҳамроҳӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0