Додгоҳ Моргенштернро барои таблиғи нашъа 100 ҳазор рубл ҷарима кард

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузаштан ба хазинаи аксПремия "Человек года – 2020" по версии журнала GQ
Премия Человек года – 2020 по версии журнала GQ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Додгоҳи Зюзини шаҳри Маскав рэпсаро Алишер Валиев, ки аслан бо номи Моргенштерн маъруф аст, барои тарғиби маводи мухаддир ҷарима намуд
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав ба хулоса омад, ки Моргенштерн дар намоҳанги худ маводи мухаддирро таблиғ намудааст ва ба насли ҷавон роҳи ғайри қобили қабулро нишон медиҳад.
Ба ҳамин минвол, рӯзи 3 июн, додгоҳи Зюзин рэпсарои машҳурро ба пардохт намудани 100 ҳазор рубл ҷарима муваззаф намуд.
"Додгоҳ Валеевро дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқи қисми 1 моддаи 6.13 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия айбдор донист. Бо қарори суд, овозхон ба пардохт намудани 100 ҳазор рубли русӣ муваззаф дониста шуд", - менависад ТАСС бо истинод ба котиботи додгоҳ.
Гуфта мешавад, қарори суд ниҳоӣ нашудааст ва ҷониби муттаҳам имкони аз болои он шикоят карданро дорад.
Продюсер Иосиф Пригожин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Пригожин шарҳ дод, ки чаро Манижа нисбат ба Моргенштерн диққати бештарро ҷалб мекунад
Зимнан, Сергей Жорин вакили мудофеи Алишер гуфтааст, ки аз болои қарори додгоҳи Зюзин ҳатман шикоят мекунанд.
Мурофиаи судӣ бидуни ҳузури хабарнигорон сурат ёфт ва дар он суруд ва матни Алишер шунидаву таҳлил карда шуд.
Худи Моргенштерн мегӯяд, омодааст 100 ҳазор рубли русӣ пардохт кунад, аммо ҳамзамон ба бегуноҳии худ пофишорӣ мекунад.
"Имрӯз маро барои он сатрҳое, ки ман умуман нахондаам, муҳокима карданд. Маро айбдор донистанд ва ман омодаам ба хазинаи Русия 100 ҳазор рубл супорам. Аммо қаблан аз болои ин қарор ҳатман шикоят хоҳем кард", - афзудааст ин овозхон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала