Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЗавершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона
Завершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳи шаҳри Исломобод намояндагони воломақоми Покистон гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон анҷом ёфт, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Ин сафар аз 2 то 3 июн идома ёфт ва Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардору сарвазири Покистон ва дигар намояндагони воломақоми он кишвар мулоқот ва вохӯриҳо доир намуд.
Роҳбари давлат аз ҷумла 12 санади нави танзимкунандаи робитаҳо дар бахшҳои савдову саноат, нақлиёт, илму маориф, фарҳангу санъат ва ғайра ба имзо расонд.
 Подписания соглашений / меморандумов о взаимопонимании между Пакистаном и Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Имзои 12 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон: рӯйхати санадҳо
Котиботи Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод, намояндагони воломақоми он кишвар гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Президент дар масоили робитаҳои хориҷӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳамчунин, вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ низ ҳамроҳи роҳбари давлат ба Покистон сафар намуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0