Дар Эрон корхонаи нафт ба коми оташ рафт - навор

Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон як корхонаи нафт оташ гирифт, дуд аз оташи сӯзони ин коргоҳ фазоро тира кардааст
Дар навор маълум аст, ки чӣ гуна яке аз хатҳои фаврии корхонаи коркарди нафт дар Теҳрон оташ мегирад.
Мақомот гуфтанд, ки сӯхтор дар натиҷаи мушкилоти техникӣ рух додааст. Оташнишонон то пурра сӯхтани сӯзишворӣ дар қубурҳо имкони онро хомӯш кардан надоранд.
Гуфта мешавад, новобаста ба сӯхтори шадид, хушбахтона дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Танҳо як нафар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштааст ва ба ӯ аллакай кумаки тиббӣ расонида шудааст.
Илова бар ин, хабар дода мешавад, ки сӯхтор дар полоишгоҳ ба таъминоти бензин ҳеҷгуна таъсир намерасонад.
Аз рӯи ин далел аллакай парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала