Хуснуллин аз норасоии фоҷиабори муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русия гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевСтроители на стройке нового дома
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Дар Русия вазъи фоҷиабор бо норасоии нерӯи корӣ дар сохтмонҳо ба вуҷуд омадааст, гуфт муовини сарвазир Марат Хуснуллин
ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Вазъи муҳоҷирон дар сохтмон ба сатҳи фалокатовар расида истодааст, гуфт ба РИА Новости муовини сарвазир Марат Хуснуллин.
"Ҳоло вазъ нисбати муҳоҷирон ва захираҳои меҳнатӣ, ба фикри ман, ба сатҳи фалокатовар расида истодааст", - гуфт ӯ дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.
Ба гуфтаи вай, нархи манбаъҳои корӣ дар Русия 50-100% афзоиш ёфтааст.
Вай афзуд, ки мақомоти Русия сабук кардани қоидаҳои мавҷудаи убури марз аз ҷониби хориҷиёне, ки ба Федератсияи Русия барои кор дар бахши сохтмон меоянд, омода кардаистодаанд.
"Мо сабукии бештар омода карда истодаем ва онҳоро ба сарвазир пешниҳод хоҳем кард", - гуфт Хуснуллин.
Строители, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Таваҷҷӯҳи муҳоҷирони тоҷик ба Русия гум шудааст
Қаблан муовини шаҳрдори Маскав дар масоили сиёсати иқтисодӣ ва муносиботи моликият ва замин Владимир Ефимов маҳдудияти вуруди муҳоҷирон ба Федератсияи Русияро аз ҳад зиёд номид.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик механизмҳои гирифтани иҷозатномаҳо содда карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала