Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Коронавирус дар Қирғизистон: фавти 9 нафар дар як шабонарӯз

© Sputnik / Iliya Pitalev / Гузаштан ба хазинаи аксМедсестра кормит пациента в отделении реанимации и интенсивной терапии в больнице в Москве
Медсестра кормит пациента в отделении реанимации и интенсивной терапии в больнице в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Бишкек ва вилояти Чуйи Қирғизистон ҳамоно аз ҳисоби фавту сироятшавӣ ба коронавирус пешсаф мебошанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон дасти кам 9 нафар маризони коронаиврус ҷон аз даст доданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба Вазорати беҳдошти он кишвар.
Бар хабари манбаъ, 5 фавт дар шаҳри Бишкек ва 4 марги дигар дар вилояти Чуй ба қайд гирифта шудааст. Ин ду минтақа ҳамоно аз ҳисоби маргу мир ва ҳолатҳои ҷадиди сироятшавӣ ба вируси COVID - 19 пешсаф мебошанд.
Бояд гуфт, ки рӯзи гузашта дар ин кишвар шаш мавриди фавт аз коронавирус сабт гардида буд.
Зимнан, давоми 24 - соати ахир дар Қирғизистон 371 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Омори ахири коронавирус дар ҷаҳон: 505 ҳазор бемори нав дар як рӯз
Аз ҷумла дар шаҳри Бишкек 169 ҳолат, дар вилояти Чуй 91, Ош - 40 ва 71 мавориди дигар дар 6 минтақа сабт гардидааст.
Манбаъ меафзояд, аз авоили бурузи ин маризӣ дар Қирғизистон 105 840 нафар мубталои вирус шуда, 1830 бемор ба ҳалокат расиданд.
Дар Тоҷикистон аз мобайнҳои моҳи декабри соли ҷорӣ ягон мавриди сироятшавӣ ба коронавирус сабт нагардидааст.
Дар ҷумҳурӣ 13 308 нафар гирифтори ин дард шуданд, ки аз ин миён 13 218 нафар комилан шифо ёфтанд ва 90 бемор фавтиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала