Пирӯзии дастаи "Хуҷанд" бар тими "Файзканд": голи ягонаро кӣ ба ҳадаф расонд?

© Федерация футбола ТаджикистанаФутбольный клуб "Худжанд", архивное фото
Футбольный клуб Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Дастаи "Хуҷанд" бо ҳисоби 1:0 бар дастаи "Файзканд" пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду бозии мавқуфмондаи даври ҳафтуми Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ахиран рӯзи 2 июн баргузор шуданд.
Дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, ки феълан дар садри ҷадвали қаҳрамонӣ ҷой дорад, дар бозии хонагӣ бар дастаи футболи "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд., хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
"Ягона голро дар дақиқаҳои охири дидор Эҳсон Бобоев ба нишон расонид", - омадааст дар хабарнрома.
Бозии дигар миёни дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби мусовӣ 3:3 анҷом ёфт.
Голҳои дастаи КМВА-ро Шервонӣ Мабатшоев, Комрони Мирзохон, Элчибек Рашидбеков ва аз дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб Эффаҳ Кингслей Осей, Далер Шомуродов ва Саидамири Саидаҳмад тӯбро ба дарвозаи ҳариф заданд.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Хоруғ мизбони сабқати даҳҳо тими футбол бо усули “деҳа ба деҳа”
Ёдовар мешавем, ки 6 июн боз ду бозии дигари мавқуфмонда ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин рӯз дастаи футболи "Эсхата"-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд (бозии мавқуфмондаи даври ҳаштум) ва дастаҳои футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ (бозии мавқуфмондаи даври нуҳум) вомехӯранд.
Ба ғайр аз ин чор бозӣ, боз шаш бозии дигари марҳилаи якуми Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор нашудаанд.
Ҳоло дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бо дарёфти 16 имтиёз дар садри ҷадвали Лигаи олӣ ҷой дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала