Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Қирғизистон тирамоҳ навъи вазнини COVID пайдо мешавад - шарҳи вазир

© Sputnik / Табылды КадырбековМедсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Роҳбари Вазорати тандурустӣ Олимқодир Бейшеналиев суханони депутатро, ки дар бораи ҳушдори СҶБ шарҳ дод.
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Эҳтимол меравад, ки тирамоҳ дар Қирғизистон шакли хеле вазнини коронавирус пайдомешавад, гуфт вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ Олимқодир Бейшеналиев дар ҷаласаи вакилони Жогорку Кенеш.
Вакили парлумон Бурун Амонова дар бораи ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) дар бораи он, ки тирамоҳ дар ҷаҳон метавонад вирусе вазнинтар аз COVID-19 пайдо мешавад, сухан гуфта аз омодагии Вазорати тандурустӣ суол кард.
"Ҳоло дар Қирғизистон панҷ шакли мутатсияшудаи COVID-19 дар гардиш аст, мо ташхис мегузаронем. Дар муқоиса бо коронавируси қаблӣ мушкилот камтаранд. Аммо онҳо мегӯянд, ки тирамоҳ шакли мутатсияшудаи вазнин, пайдо шавад", - гуфт вазир.
Ӯ афзуд, ки омодагӣ мебинанд ва олимону табибони қирғиз дар конфронсҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дар бораи шаклҳои нави вирус дар ҷаҳон маълумот мегиранд.
Медицинский работник в санитарном шлюзе городской клинической больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Мавҷи сеюм намешавад: эпидемияи коронавирус дар Русия анҷом меёбад
Охири моҳи апрел дар Қирғизистон чор штамми COVID сабт шудааст.
Бояд гуфт, Қирғизистон аз ҷиҳати гирифторӣ ба бемории коронавирус миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ пешсаф аст.
Аз авоили бурузи ин маризӣ дар Қирғизистон 105 840 нафар мубталои вирус шуда, 1830 бемор ба ҳалокат расиданд.
Президенти Сурия бо ваксинаи "Спутник V" алайҳи коронавирус эм карда шуд
Дар Тоҷикистон аз мобайнҳои моҳи декабри соли ҷорӣ ягон мавриди сироятшавӣ ба коронавирус сабт нагардидааст.
Дар ҷумҳурӣ 13 308 нафар гирифтори ин дард шуданд, ки аз ин миён 13 218 нафар комилан шифо ёфтанд ва 90 бемор фавтиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала