Талош барои роҳхати олимпӣ: Тоҷикистон ба сабқати Маҷористон 6 ҷудокор мефиристад

© Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанТаджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳонӣ оид ба ҷудо шаш варзишгар намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ин сабқат аз 6-ум то 13-уми июни соли равон дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад.
Барои намояндагӣ аз Тоҷикистон ба он варзишгарон - Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (- 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+ 100 кг) ва дар сабқати занон Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кг хоҳанд рафт.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар ин чорабинии бузурги ҷаҳонӣ, ки охирин имконият барои ҷудочиёни роҳхатногирифтаи Бозиҳои Олимпии Токио-2020 мебошад, ширкати 703 ҷудочӣ 412 мард ва 291 мард аз 131 мамлкати 5 қитъаи гетӣ дар назар аст.
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи "Kazan Grand Slam” ноком шуданд - видео
Дар ибтидо иштироки ҳафт варзишгари мо дар назар буд, аммо Сомон Маҳмадбеков бо сабаби осеб бардоштан аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон даст кашид.
Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гӯштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд.
Ҳамин тавр да ин мусобиқа, барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0