"Банг кашид": ронандаи "Олуча Таксӣ" субҳи барвақт дар пеши масҷид пиёдагардро пахш кард

© Sputnik / Амир ИсаевВерующие мусульмане идут в мечет на праздничную молитву в праздник Иди Курбон
Верующие мусульмане идут в мечет на праздничную молитву в праздник Иди Курбон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Маълум гардид, ки ронандаи таксӣ дар ҳолати сархушӣ аз маводи нашъаовар қарор дошт
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Зани 49 - соларо ронандаи сархуш дар назди масҷиди ҷомеи "Ал - Бухорӣ" пахш намудааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш субҳи барвақти 2 июн, тахминан соати 05:40 дақиқа рух додааст ва пиёдагард аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Подозреваемый в убийстве таксиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Эълони ҷазои ҷавони 20-сола барои куштори ронандаи таксӣ дар Душанбе
"Ронанда аз самти кӯчаи Шоҳтемур ба самти кӯчаи Н.Муҳаммадӣ ҳаракат дошт ва дар рӯ ба рӯи бинои масҷиди "Ал-Бухорӣ пиёдард Давлатова Гулистонро пахш намуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Гуфта мешавад, ронанда, Аминов Парвиз, ки дар ҶДММ "Олуча Таксӣ" фаъолият мекард, дар ҳоле пиёдагардро пахш намуд, ки аз маводи нашъаовари навъи бангдона мадҳуш будааст.
Ҳолати ронандаро Маркази наркологии ҷумҳурӣ низ таъйид кард.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таққиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала