Зодрӯзи Музаффар Бурҳонов ва Том Круз: 3 июн дар таърих

© Sputnik День 3 июн
День 3 июн - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Рӯзи сеюми июн дар Намибия Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар Черногория иди миллӣ - Рӯзи эълон намудани Истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 3 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1927 дар Юнон Конститутсияи нав қабул карда шуд.
Соли 1959 Сингапур Конститутсияи худро қабул намуд ва ҷумҳурии худидоракун гардид.
Соли 1992 дар Русияя Шӯрои амният таъсис дода шуд.
День 1 июн - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Рӯзи ҳифзи кӯдакон: 1 июн дар таърих
Соли 1961 дар пойтахти Австрия- шаҳри Вена аввалин мулоқоти баъдиҳарбии роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

Рӯзи 3 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1956 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд канали Дилварзин ба истифода дода шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 17-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 25-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти андози кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид.
Соли 2012 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз шаҳри Шанхай ба кони металлҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, ки дар қуллаи "Кӯҳи тиллоӣ"-и шаҳри Лунян қарор дорад, ташриф оварданд.
День 31 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Зодрӯзи Файзигул Юсупова: 31 май дар таърих
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла, масоили вобаста ба ифтитоҳи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж, инчунин вазъи феълии сохтмони манораи назоратию диспетчерӣ ва терминали нави "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон ва таҳкими равобити Душанбе ва Тифлис дар оянда баррасӣ гардид.
Соли 2017 Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ маҷмӯаи тавсияҳои хӯроки нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистонро дар ҷаҳон беҳтарин эътироф кард.

Ҷашнҳои рӯзи 3 июн

Дар Намибия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
Дар Черногория иди миллӣ — Рӯзи эълон намудани Истиқлолият.

Рӯзи 3 июн кӣ ба дунё омадааст

Соли 1796 - Николай Полевой, нависанда, драматурги рус, мунаққиди адабӣ ва театр, рӯзноманигор ва муаррих.
Соли 1864 - Митрофан Пятнитский, ҷамъоваранда ва иҷрокунандаи сурудҳои русӣ, асосгузори Хори Халқии Русия.
Соли 1883 - Франтс Кафка, файласуфи чех, нависандаи олмонзабон.
Соли 1894 - Зинаида Рейх, ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи РСФСР, ҳамсари С.Есенин, сипас В.Мейерхолд.
Актер Том Круз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Актер Том Круз, архивное фото
Соли 1962 - Том Круз, ҳунарманди кинои амрикоӣ, коргардон, продюсер, ҷоизадори секаратаи Глобуси тиллоӣ.
Соли 1964 - Алексей Серебряков, актёри театр ва кино, Ҳунарпешаи халқии Русия.
Соли 1981 - Родион Газманов, сарояндаи попи Русия, актёри кино, писари Олег Газманов.

Рӯзи 3 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1941 - Музаффар Бурҳонов, раққоси балет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, лауреати Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала