Зодрӯзи Сарват Беҳбудӣ: рӯзи 5 июн дар таърих

© Sputnik День 5 июн
День 5 июн - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Обуна шудан
Рӯзи панҷуми июн аз Рӯзи байналмилалии ҳифхзи муҳити зист ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар Озарбойҷон Рӯзи кормандони хоҷагии об ва мелиоратсия ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 5 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1849 дар Дания парлумони дупалатагӣ таъсис дода шуд.
Соли 1940 дар Канада фаъолияти 16 созмон, аз ҷумла, созмонҳои фашистӣ ва коммунистӣ қатъ карда шуд.
Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Шоҳигарии Норвегия муносиботи дипломатӣ баста шуданд.
День 3 июн - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Зодрӯзи Музаффар Бурҳонов ва Том Круз: 3 июн дар таърих
Соли 1993 дар Маскав Ассамблеяи конститутсионӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 1940 дар Америка аввалин чархҳои синтетикӣ-резинӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Рӯзи 5 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1961 Ҳафтаи адабиёти қирғиз дар Тоҷикистон оғоз гардид.
Соли 2013 доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардиданд.
Соли 2012 дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Ҷябао масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар ба таври муфассал баррасӣ шуданд.
День 2 июн - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Барф дар Лондон, зодрӯзи Зафар Нозимов ва Афзалшо Шодиев: 2 июн дар таърих
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими оғози сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба шаҳри Атамуроди Туркманистон сафар карданд.
Соли 2013 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"-ро ҷонибдорӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 5 июн

Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист.
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони хоҷагии об ва мелиоратсия.
Дар Дания иди давлатӣ — Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 5 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1912 - Вера Расторгуева, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, шарқшинос.
Соли 1930 - Зиннат Азизов, рӯзноманигори суратгир.
Соли 1945 - Сарват Беҳбудӣ, директори сирк, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0