Намояндаи вижаи ИА сабаби муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро гуфт

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Намояндаи махсуси ИА истисно намекунад, ки низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ таҳрик шудааст
ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Питер Буриан, намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ гуфт, муноқиша дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонад аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба амал оварда шуда бошад.
"Ин метавонад қочоқ бошад, ки дар доираи манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни муташаккили ҷиноӣ бошад. Онҳо шояд сабабгори барангехтани муноқиша бошанд", - гуфт Буриан ба "Интерфакс".
Сабаби дигари муноқиша масъалаҳои ҳалношудаи тақсимоти захираҳои об ва созишномаҳои амалинашуда дар байни ду кишвар мебошанд, гуфт Буриан.
Намояндаи махсуси ИА рӯзи 1 июн дар доираи сафари ниҳоӣ ба минтақа вориди Бишкек шуд.
О языке ненависти на таджикско-киргизской границе и примирительной миссии СНГ - Андрей Грозин
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Грозин гуфт, чӣ гуна муноқишаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро метавон хомӯш кард- видео
Ӯ дар ин сафараш бо Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Госсекретарь США Энтони Блинкен - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Ҳамдардӣ ва ситоиш: Блинкен бо Муҳриддин вазъ дар марзи Қирғизистонро баррасӣ кард
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон аз ширкатҳои ҳавонавардӣ хост ба тоҷикистониҳо чипта нафурӯшанд
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон ахиран тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст.
Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонид ва фурӯши чиптаҳоро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пурра манъ кард.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала