Навори пурра аз сафари Раҳмон ба Покистон: кишвардор ду рӯз чӣ кор кард? - видео

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии дурӯза дар Покистон буд
Рӯзҳои 2 ва 3 июн кишвардор бо раҳбарияти олии Покистон дидору мулоқот карда, дар маҷмӯъ бо ҷониби Покистон 12 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф имзо шуд.
Навори пешвозгирии Имрон Хон ва горди фахрӣ аз Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон аз ин сафари худ қаноатманд шуд ва сарвазири кишвар - Имрон Хон ва раиси сенати Покистон - Содиқ Санҷрониро ҳатто барои боздидаз Тоҷикистон ба Душанбе даъват кард.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон барои пазироии гарм ба давлати Покистон изҳори сипос кард.
Аз навор дида мешавад, ки президенти Тоҷикистонро бо горди фахрӣ пешвоз мегиранд. Ҳамчунин раисиҷумҳур дар Покистон дарахти дӯстӣ шинонд.
Сипосгузории Раҳмон аз давлати Покистон барои истиқболи гарм: ба Тоҷикистон биёед
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Президент дар масоили робитаҳои хориҷӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳамчунин, вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ низ ҳамроҳи роҳбари давлат ба Покистон сафар намуда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то кунун ҳафт бор ба Покистон сафар кардааст ва ин сафари ҳаштумини президенти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҷангандаҳои ҳавоӣ ва горди миллии Покистон: пешвози ботантанаи Раҳмон дар Исломобод - акс
Ӯ бори охир моҳи марти соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Покистон рафта буд.
Муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон 6 июни 1992 барқарор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд.
Дар 11 моҳи соли 2020 гардиши мол байни ду кишвар ба 16,2 миллион расид, ки аз он содирот 6,6 миллион доллар ва воридот 9,6 милллион долларро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала