Алоқаи ҳавоӣ ва сармоягузорӣ: суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Сенати Покистон

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш дар Покистон бо раиси Сенати Покистон Содиқ Санҷронӣ иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо ва алоқаи ҳаворо баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Покистон бо вазири корҳои хориҷии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ ва раиси Сенати Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот кард.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кунунии муносибатҳо байни ду давлат ва сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқот дар Покистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Покистон
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо барои боз ҳам фаъол гардонидани робитаҳои байнипарлумонӣ зарур шумурданд, ки тамосҳои ду кишвар тавассути гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва умуман мақомоти қонунбарори ду кишвар идома дода шавад.
Таъкид гардид, ки барои пешбурди муносибатҳо ва ҷиҳати амалӣ сохтани талошҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, алоқаи ҳавоӣ, мудофиа ва амният, мақомоти парлумонии ду кишвар метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
Имзои 12 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон: рӯйхати санадҳо
Ёдрас мешавем, ки дар пайи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон 12 санади ҳамкорӣ имзо шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала