Дар Туркия барф борид

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкСнег с дождем
Снег с дождем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Обуна шудан
Дар чанд вилояти Туркия дар соҳили Баҳри Сиёҳ барф борид. Щарчанд як рӯз пеш ҳаво софу офотобӣ буд
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Дар нахустин моҳи фасли тобистон дар Туркия барф борид. Барф дар вилоятҳое, ки назди соҳили Баҳри Сиёҳ ҷойгиранд, боридааст, хабар медиҳад шабакаи TRT.
"Дирӯз ҳаво соф буд. Саҳар хестем, ки барф ҳама ҷоро сафедпӯш кард. Ин зимистон на, балки тобистон аст, моҳи июн аст", - изҳор дошт ба шабака Каврун Яйласи сокини музофоти Ризо.
Манбаъ меафзояд, барф шаби чаршанбе ба панҷшанбе дар як қатор минтақаҳои назди кӯҳӣ, аз ҷумла дар Ардахон, Ризо, Болу ва Қайсар борид.
Ҳамчунин барфи 5 сантиметра шаҳри Бурса дар ғарби Туркияро низ сафедпӯш кард. Бориши барф дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дамои ҳаво то 30 дараҷа гамр буд.
Зимнан, Идораи обуҳавошиносии Туркия аз боронгариҳои шадид ҳушдор додааст.
Лентаи хабарҳо
0