Медали тиллои Расул Боқиев ва зодрӯзи Муаттара Ҷӯраева: 4 июн дар таърих

© Sputnik День 4 июн
День 4 июн - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Рӯзи 4 июн дар Қазоқистон Рӯзи рамзҳои давлатӣ ва дар Қирғизистон Рӯзи ёдбуд таҷлил мешавад

Рӯзи 4 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1922 дар замимаи нашрияи шӯравии "Рабочая газета" аввалин шумораи маҷаллаи суратдори "Рабочий" нашр шуд, ки пас аз чанд вақт номи "Крокодил"-ро гирифт.
CC BY 4.0 / Free image stock torange.biz / Рабочая газета
Рабочая газета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Рабочая газета
Соли 1940 дар шаҳри Маскав варзишгоҳи "Динамо" мавриди истифода қарор дода шуд.
Соли 1956 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пардохт барои таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ бекор карда шуд.
Соли 1956 дар Иттиҳоди Шӯравӣ шумораи нахустини киномаҷаллаи ҳаҷвии "Фитил" ба экран баромад.
Соли 1970 Тонга аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.
Соли 1975 аввалин маротиба пахши мустақими телевизионӣ аз ҷараёни ҷаласаи парлумони Англия сурат гирифт.
Соли 2010 дар шаҳри Маскав аз ҷониби тоҷикон созмони хайриявии "Даргил наник" таъсис дода шуд.

Рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2008 аввалин шумораи ҳафтаномаи "Боргоҳи сухан" чоп шуд.
Соли 2011 Расул Боқиев варзишгари тоҷик барандаи медали тиллои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба ҷудо дар шаҳри Бухарест гардид.
© SputnikНа занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото
Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба шаҳри Пекин ташриф омад.
Соли 2013 Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Лора Пак мулоқот кард. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои тақвияти раванди ин ҳамкорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.
Соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат фабрикаи маъданғанигардонии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Покрӯд" ба фаъолият шурӯъ кард.
Соли 2018 дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 4 июн

Дар Ингушистон — Рӯзи маориф.
Дар Молдова — Рӯзи кормандони бонк.
Дар Финландия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
Дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ.
Рӯзи оила дар ИМА.
Рӯзи ёдбуд дар Қирғизистон.
Рӯзи парчам дар Эстония.

Рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Розия Акобирова (1937-2009)- киноактриса.
Сафват Бурҳонов (1968)- журналист.
Гушин Игор (1951)- доктори илми тиб.
Марям Давлатова (1955)–мутарҷим, ҷомеъашинос.
Наим Ёқубов (1934) – меъмор, профессор.
Олга Морозова (1902 – 1981) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.
Николай Решетников (1923 – 1983) – доктори илми фалсафа, профессор.
Ҳошим Содиқов (1911 – 1994) – физик, профессор.
Фуфигин Виктор (1907 – 1973) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Бобо Худойдодов (1927 – 1990) – мутарҷим, адабиётшинос.
Муаттара Ҷӯраева (1975)- собиқ наттоқи ТВ.
Шаферштейн Семен (1898 – 1978) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала