То 41 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи дамои ҳаво барои 3 июн дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки на улице в Душанбе, архивное фото
Девушки на улице в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Ҳавосанҷони тоҷик имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбандаро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Выставка Я, Энди Уорхол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Коршиносон шарҳ доданд, ки кадом ниқобҳоро дар гармӣ пӯшидан мумкин нест
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 23+25 ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0