Ҳавои хушку гарм: Тоҷикистонро гармии фавқуллода интизор аст

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСамый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе
Самый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон ҳаво ба таври фавқулодда тафсон мешавад
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармои шадид дар ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, то рӯзи 7 июн дар Тоҷикистон ҳаво хушк ва тафсон мешавад. Дамои ҳаво 37+42 ва дар водиҳо то 42+45 дараҷа гарм мешавад.
Зимнан, дар кӯҳҳо аз ҳисоби гармии шадид обшавии пиряхҳо дар назар аст ва эҳтимол ин ҳолат ба сероб шудани рӯдхонаҳо ва хавфи ба маҳалҳои ҷудогонаи кӯҳӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Бадахшону Хатлон ва Суғд оварда расонад.
Дар ҳамин ҳол, ниҳоди мазкур ба шаҳрвандону меҳмонон чанд пешниҳоду маслиҳатҳо ироа намудааст:
тӯли рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшида нигоҳ доред, бахусус агар онҳо рӯ ба офтоб боз мешаванд. Шабонгаҳон, вақте ҳарорати ҳаво дар кӯча поин аст, метавонед тирезаҳоро боз монед, албатта агар ин бехатар бошад;
як обпоши одӣ харед ва ҳангоми гармӣ зуд - зуд манзил ва атрофро об пошед;
агар дар хона ҳавополо доред, пас талош накунед ҳароратро аз +22 +23 дараҷа паст намоед.
нагузоред, ки ҳарорати баданатон хеле гарм шавад, бештар об нӯшед. Баданатонро бо оби сард пок кунед, вориди душ шавед, аз саратон об резед, пойҳоятонро муддатҳо дар оби сард нигоҳ доред;
аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред, дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин низ парҳез кунед;
дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;
бештар об нӯшед, мева истеъмол намоед ва меваҳо дорандагони аслии ҳар гуна витаминҳои ва намакҳои минералӣ мебошанд. Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунед ва ё обҳои бегази минералӣ нушед.
бачаҳоро дар воситаҳои нақлиёт нигоҳ надоред. Пеш аз он ки ба мошине нишинед, ки дар офтоб истодааст, дару даричаҳои онро аввал боз кунед ва аз рӯи имкон ҳавополои онро фаъол намоед;
шахси гармозадаро зуд дар соя хобонед, дар ҷое, ки шамолрас бошад, ӯро маҷбур созед, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матоъи намдор тоза кунед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил;
бахусус ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя намоед.
КҲФ ҳамзамон тавсия медиҳад, ки бо мақсади пешгирӣ аз хатари сел, селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳои назди манзили истиқоматӣ аз ҳар гуна партову хасрӯбаҳо тоза карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0