Мушти марговар: Ҳалокати амак пас аз як зарбаи бародарзода

© Sputnik / Табылды Кадырбековкулак, архивное фото
кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Як сокини шаҳри Исфара дар пайи зарбаи як мушти бародарзодааш ҳалок шудааст
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо гумони куштор як марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфараро боздошт кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, санаи 27-уми майи соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар дохили роҳрави назди ҳавлии истиқоматиашон бо амакаш марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанчол намуда, бо дасташ 1 мушт ба сари рӯйи охирон задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, рӯзи 2-юми июни соли 2021 дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
"Оча бас, гуфтам": Писар чӣ гуна модарашро кушту худро фарзанди ғамхор вонамуд кард-видео
Бар асоси ин моддаи Кодекси ҷиноятии кишвар дар сурати тасдиқи гуноҳ, ба муттаҳам аз дувоздаҳ то понздаҳ соли зиндон таҳдид мекунад.
Феълан, назари боздоштшуда ва ҷониби ҳимояи ӯ дар робита ба қазияи куштори амакаш маълум нест.
Ин нахустин ҳолати куштори хешу табор набуда, қаблан ВУД ҳатто як сокини ҷавони ноҳияи Шаҳринавро боздошт карда буд, ки дар куштори модараш гумонбар дониста мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала