“Нерӯҳои низомӣ дар марз ҷамъ шудаанд”: дар Лахш чӣ мегузарад?

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевАэропорт в Лахше
Аэропорт в Лахше - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон нерӯҳои низомӣ ва сокинони навоҳии марзии ду кишвар ҷамъ омада, ҷонибҳо ба музокира нишастаанд
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Яке аз сокинони ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нерӯву техникаи қисми низомие, ки дар қаламрави ноҳия ҷойгир аст, ба маҳалли посгоҳи гумрукии Қарамиқ эъзом шудаанд.
“Мардуми деҳоти ҷамоат низ ҷамъ шуда, ҷониби марз раҳсипор шуданд. Ҳоло ба мо хабар расид, ки аз ҷониби Қирғизистон ҳам нерӯҳои низомӣ омада, дар марз мустақар шудаанд”, - гуфт ин нафар.
Як сокини дигари ҷамоати Муксу, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марзбонони тоҷик контейнерҳои посгоҳи гумрукии Тоҷикистон дар Қарамиқ як километр ба ҷониби Қирғизистон пеш бурдаанд.
“Миёни посгоҳи қирғизҳо ва мо ҳудуди 6 километр фосила аст. Аз ҳисоби ҳамин фосила марзбонони мо контейнерҳоро пеш бурдаанд, чун ҷои беҳтар аст ва шароити хубтар дорад”, - гуфт ин ҳамсуҳбат.
Дар ҳамин ҳол, Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
“Як км вориди Қирғизистон шуданд”: шарҳи КДАМ Тоҷикистон дар бораи иддаои расонаҳои қирғиз
“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.
Дар ҳамин ҳол аз пулиси минтақавии Лахш низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, вазъ дар ноҳия ором ва зери назорат аст.
Замоне, ки ин гузориш омода мешуд, хабар расид, ки ҳоло ҷонибҳо ба музокира нишастаанд.
Аммо маълум нест, ки дар ин музокира киҳо ширкат доранд ва дар ҳоли расидани Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ – и Қирғизистон ҳамтои тоҷики ӯ Саймуъмин Ятимов низ ба маҳал омадааст ё хайр.
О языке ненависти на таджикско-киргизской границе и примирительной миссии СНГ - Андрей Грозин
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Грозин гуфт, чӣ гуна муноқишаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро метавон хомӯш кард- видео
Қаблан расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Чоркӯҳ”: Лаклаки Сурх “рӯзи сиёҳ” куҷо рафт? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Чоркӯҳ”: Лаклаки Сурх “рӯзи сиёҳ” куҷо рафт?
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Юртаи қирғизҳо дар шафати деҳаи Қалъача - қаламравӣ баҳсӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Овчиқалъача”: Аскар Акаев чӣ иштибоҳ кард?
Дар ҳамин ҳол ҷониби Қирғизистон ахиран тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст.
Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонид ва фурӯши чиптаҳоро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пурра манъ кард.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 987 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0