Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Нишасти изтирории чархболи низомии Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Баранов / Гузариш ба медиабонкВертолет Ми-8 Министерства обороны РФ, архивное фото
Вертолет Ми-8 Министерства обороны РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як чархболи низомӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Дар ноҳияи Ноукати вилояти Оши Қирғизистон, чархболи низомии КДАМ нишасти изтирорӣ анҷом додааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, дар дохили чархбол 15 сарнишин қарор доштанд, ки 4 нафари онҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.
Аэропорт в Лахше - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
“Нерӯҳои низомӣ дар марз ҷамъ шудаанд”: дар Лахш чӣ мегузарад?
Гуфта мешавад, чархбол ба самти ноҳияи Чон - Алай парвоз доштааст.
Манбаъ меафзояд, миёни сарнишинон роҳбари Кумитаи давлатии амниятии миллии Қирғизистон, Қамчибек Тошиев қарор надошт.
Ёдовар мешавем, субҳи имрӯз ҷониби Қирғизистон, Тоҷикистонро ба он муттаҳам кард, ки як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Аммо дар робита ба ин иддаои Қирғизистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтаст, ки изҳороти дар ВАО нашршудаи ҷониби Қирғизистон ба воқеият мувофиқат намекунад.
“Як км вориди Қирғизистон шуданд”: шарҳи КДАМ Тоҷикистон дар бораи иддаои расонаҳои қирғиз
Ба иттилои котиботи мақомоти марзбонии КДАМ Тоҷикистон, дар натиҷаи кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз дарозии умумие, ки 986,7 км-ро ташкил медиҳад, 519, 9 км сарҳади давлатии ду кишвар тасвир шудааст.
Дар робита ба ин, айни замон отряди посбонони сарҳадии ҚC-и КДАМ Тоҷикистон дар хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон посбонӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0