Пулис аз тиреза паридани 4 хонандаи синфи 9 - ро шарҳ дод

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Кормандони милиса муайян намуданд, ки ҳар 4 хонанда бо лавозимоти мактабӣ ва дар соати дарсӣ на машғул ба таҳсил, балки дар марказҳои компютерӣ саргарми бозӣ буданд
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе қазияи аз ошёнаи 3 - юм худро ба замин ҳаво додани 4 хонандаро шарҳ дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳар ҷаҳор хонандаи синфи 9 - уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 дар ноҳияи Фирдавсӣ мебошанд.
Хонандагон дар ҳоле худро ба замин сарозер карданд, ки кормандони милиса маркази компютерии "Душанбе" - ро мавриди санҷиш қарор доданд.
"Бо ворид шудани кормандони милиса ба бинои мазкур чор нафар, ки хонандаи мактаб буданд, худро аз ошёнаи 3 ба замин ҳаво доданд", - таъкид мешавад дар хабари раёсат.
Вступительные экзамены в вузы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
"Дарро аз берун пӯш" - талабае, ки муаллимаашро аз дарс ронд: шарҳи пулис – видео
Зимнан, гуфта мешавад, вазъи саломатии хонадагон хуб буда, онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Аммо вобаста ба ин ҳолат нисбати волидону сарпарастони онҳо: Раҷабов Саиди 42 - сола, Мавлонова Гулнораи 37 - сола, Нинаев Мирзои 25 - сола, Раҳмонова Таҳминаи 38 - сола бинобар беназоратӣ ва вайрон намудани талаботи қонун ҷаримабандӣ шуданд.
Зимнан, нисбати соҳибмулки 24 - солаи ин марказ маводи лозима тартиб дода шудааст.
Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандон ва ба хусус аз падару модарон даъват намудааст, ки тарбияи фарзандони худ ҳушманд бошанд ва аз ҳар гуна кирдори ношоям пешакӣ ҷилавгирӣ карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала