Путин аз бохти тими хоккейи Русия ғамгин шуд

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков гуфт вокуниши Владимир Путин ба бохти тими миллии Русия дар чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей - 2021 чӣ гуна буд
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз натиҷаи бозии тимҳои Русия ва Канада дар чорякфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей - 2021 ғамгин шуд.

“Путин аз натиҷаи бозии тими миллии хоккейи Русия ва Канада нороҳат шуд”, - гуфт сухангӯи раҳбари Русия, Дмитрий Песков.

Ёдовар мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Канада дар Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей - 2021 дар даври чорякниҳоӣ вориди майдони рақобат шуданд. Мубориза барои роҳ ёфтан ба нимфинали мусобиқа буд.
Ин бозии Русия ва Канада бо ҳисоби 1: 2 ба фоидаи тими миллии Канада анҷом ёфт. Бо вуҷуди он ки Русия дар давраи дуввуми бозӣ ҳисобро боз кард, бозигарони рус натавонистанд бартариро нигоҳ бидоранд. Дар давраи сеюм, тими канада тавонист ба дарвозаи Русия гол бизанад.
Реакция Владимира Путина на первый гол в матче Россия - Саудовская Аравия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2018
Вокуниши Путин ба голи аввали тими Русия корбарони интернетро хурсанд кард
Тақдири бозӣ дар вақти изофӣ ҳал шуд. Дар вақти изофӣ мунтахаби Канада голи дуюмро ба дарвозаи Русия зад.
Пас аз бохт дастаи мунтахаби Русия аз идомаи рақобатҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей – 2021 маҳрум шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала