Путин дастур дод, барои муҳоҷирон системаи эмгузаронии пулакӣ таҳия шавад

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксВыступление Владимира Путина на пленарном заседании ПМЭФ-2021
Выступление Владимира Путина на пленарном заседании ПМЭФ-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Бо супориши Владимир Путин, ҳукумати ин кишвар то охири моҳи ҷорӣ бояд системаи эмгузаронии пулакӣ барои муҳоҷиронро таҳия кунад
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин ба Ҳукумат супориш додааст, ки системаи пулакии эмгузаронӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия шавад.
Бо дархости раҳбари Русия, Ҳукумат бояд ин масъаларо то охири моҳи ҷорӣ ҳал кунад.
"Лутфан, масъалаи бо ваксин таъмин намудани нафаронеро, ки дар доираи муҳоҷирати меҳнатӣ озими Русия мешаванд, ҳал кунед", - талаб намудааст роҳбари Русия.
Ӯ илова намуд, ки Русия метавонад ба хориҷиён чунин имкон фароҳат орад, ки онҳо вориди кишвар шуда, алайҳи вируси COVID - 19 эм гиранд.

"Саноати дорусозии ватанӣ омодааст, минбаъд ҳам истеҳсоли ваксинро афзоиш диҳад. Мо на танҳо эҳтиёҷоти худро пурра қонеъ мекунем, балки метавонем хориҷиёнро низ ба Русия оварда бо ваксин таъмин кунем", - илова намудааст Владимир Путин.

Ёдовар мешавем, ки дар Русия маъракаи эмгузаронӣ тавассути се ваксини истеҳсоли ватанӣ ҷараён дорад.
Яке аз ин ваксинҳо "Спутник V" мебошад, ки Владимир Путин онро муассиру бехавф арзёбӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала