Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон сокинонро аз деҳоти наздимарзӣ бо Тоҷикистон берун карда истодааст - аксҳо

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкГраница, архивное фото
Граница, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Мақомоти Қирғизистон, ки рӯзи 4 июн вазъ дар марзро "муташанниҷ" гуфтанд, шоми рӯз ба берун кардани сокинон аз деҳоти наздимарзӣ бо Тоҷикистон оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Ҷониби Қирғизистон ба берун кардани сокинони осоишта аз баъзе деҳаҳои наздимарзӣ бо Тоҷикистон оғоз кардааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон, берунсозии аҳолии осоишта соати 19:30 аз деҳоти Қара - Миқ, Жекенди, Қара -тейит, Сибе ва Чулук оғоз шудааст. Сокинони наздимарзиро ба ҷои амн бурда, дар макотибу масҷидҳо ҷой додаанд, афзуд Кумита.
Қаблан расонаҳои Қирғизистон иддао нашр карданд, ки ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Чон Олойи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.
Парламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
"Ин заминҳо аз моянд": Тошиев вазъи марз бо Тоҷикистонро шарҳ дод
Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби Қирғизистонро рад кард.
Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш низ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.
“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.
Аммо Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.
“Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”, --гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард.
Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти Хоҷаи Аъло маъруф ба “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Суҳбати телефонии Тошиев бо Ятимов: раиси КДАМ Тоҷикистон ба Лахш меравад
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Бишкек ва Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0