Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Сабаби нишасти фаврии чархболи низомии Қирғизистон дар марзи Тоҷикистон маълум шуд

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксВертолет Ми-8, архивное фото
Вертолет Ми-8, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Мақомоти низомии Қирғизистон сабаби нишасти изтирории чархбол дар наздикии марзи Тоҷикистонро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Мақомоти Қирғизистон сабаби фуруди изтирории чархболи низомиро дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон эълом карданд.

"Сабаби фуруди изтирории чархболи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон иллати техникӣ буд", - хабар дод РИА Новости бо истинод ба мақомоти қирғиз.

Пештар хабар дода шуд, ки чархболи МИ-8 МТ нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ба таври изтирорӣ дар наздикии марз бо Тоҷикистон дар ноҳияи Ноукати вилояти Ош фуруд омад.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин ҳодиса касе кушта нашудааст, аммо чаҳор мусофир ҷароҳат бардоштаанд. Дар маҷмӯъ, дар ҳавопаймо 15 нафар қарор доштанд.
Ин чархбол самти ноҳияи Чон - Алай, маконе, ки ба иддаои ҷониби Қирғизистон низомиёни ҳарбии Тоҷикистон як контейнер насб намудаанд, ҳаракат дошт.
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Нотаи Бишкек ба Душанбе: Қирғизистон Тоҷикистонро ба вайрон кардани созиш муттаҳам кард
Ёдовар мешавем, субҳи 4 июн ҷониби Қирғизистон, Тоҷикистонро ба он муттаҳам кард, ки як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Аммо дар робита ба ин иддаои Қирғизистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтаст, ки изҳороти дар ВАО нашршудаи ҷониби Қирғизистон ба воқеият мувофиқат намекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала