“Зиёд мешавад”: ду парвози мунтазами дигар ба Маскав

© Pixabay / Самолет в небе
Самолет в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шурӯъ аз 10 июн теъдоди парвозҳои мунтазам ба Русия як баробар зиёд мешавад
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Аз 10 июн дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе боз ду парвози мунтазами дигар илова мешавад, ки дар умум дар як ҳафта 4 парвози мунтазим иҷро хоҳад шуд, хабар доданд аз Агентии авиатсияи гражданӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

“Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо мақомоти Русия вориди гуфтугӯ шуда, талош доранд, ки теъдоди чунин парвозҳоро зиёд кунанд, зеро ин парвозҳо миёни мусофирин серталабанд”, - гуфтанд дар ин ниҳод.

Русия аз 1 апрел ба парвозҳои мунтазам аз Тоҷикистон дар як ҳафта ду бор иҷоза дод, ки ин талаботи мардумро қонеъ накард. Дар пайи ин мақомоти ҳавонавардии ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки теъдоди парвозҳои чартериро низ афзоиш диҳанд. Бо ин вуҷуд, талаботи мардум бароварда нашуд.
Зиёд будани хоҳишмандони парвоз ба Русия “бозори сиёҳ” – и чиптафурӯширо равнақ дод ва қимати як чипта то ба 1200 доллар расид.
Прибытие поезда. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Ба Русия тавассути роҳи оҳан: қоидаҳои нави вуруд барои муҳоҷирон
Дар пайи талошҳо ва ҳамкории Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ширкатҳои русӣ ҳоло қимати як чипта ба 500 доллар поён оварда шудааст. Бино ба иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, дар пайи поён рафтани қимати чиптаи парвозҳои чартерӣ шумори парвозҳо низ афзоиш ёфта, теъдоди зиёди мусофирин аз Тоҷикистон ба Русия интиқол ёфтанд.
“20 рӯзи аввали моҳи май, замоне ки арзиши чипта баланд буд, ҳудуди 35 ҳазор мусофир ба самти Русия сафар карданд. Агар дар ин муддат ба ҳисоби миёна дар як рӯз беш аз 1,5 ҳазор мусофир интиқол ёфта бошад, пас аз арзон гардидани нархи чипта ва афзоиш додани хатсайрҳо танҳо дар 10 рӯзи охир (25 май ба 4 июн) ҳудуди 30 ҳазор мусофир ба Русия сафар кардаанд, ки ин ба ҳисоби миёна дар як рӯз 2,5 то 3 ҳазор мусофирро ташкил медиҳад”, - иттилоъ доданд аз Агентӣ.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, дар 20 рӯзи аввали моҳи май ҳамагӣ ҳудуди 200 парвоз, ба ҳисоби миёна 10 - 11 парвоз дар як рӯз иҷро мешуд, аммо пас аз 24 май ҳудуди 180 парвоз, ба ҳисоби миёна дар як рӯз 14 - 15 парвоз иҷро шудааст.
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Русия шумораи парвозҳоро бо даҳ кишвар зиёд мекунад: Тоҷикистон дар рӯйхат
Ҳоло 7 ширкати русӣ - “Северний ветер”, “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр” ва “Ямал” – мусофиринро тариқи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия интиқол медиҳанд.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, шуруъ аз 1 апрел то ба ҳол ҳудуди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи ҳама гуна парвозҳо ба Русия интиқол ёфтаанд.
Ҳарчанд парвозҳо мунтазам сурат мегиранд, вале нофаҳмиҳо дар мавриди арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ то ҳол мавҷуд аст. Хоҳишмандони сафар ба Русия аз гарону камчин будани чипта шикоят мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала