Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Суҳбати телефонии Тошиев бо Ятимов: раиси КДАМ Тоҷикистон ба Лахш меравад

© Аз саҳифаи Отурбек Рахманов дар ФейсбукМузокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон
Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Қамчибек Тошиев гуфт, ки ӯ бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфтугӯи телефонӣ дошт
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев бо сокинони ноҳияи Чон-Алай мулоқот кард.
Тошиев бо сокинон суҳбат карда, ба аҳолии маҳаллӣ гуфт, ки масъалаи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон бо роҳи осоишта ҳал хоҳад шуд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон бо такя ба як рӯзноманигори маҳаллӣ
Тошиев гуфтааст, ки бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Саймумин Ятимов тамос гирифтааст ва интизор меравад, ки ӯ низ ба марз равад ва мулоқот доир шавад.
Вай қайд кард, ки вазъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳти назорат аст.
Ӯ гуфтааст, ки масъалаҳои марз бояд ба таври осоишта ҳал карда шаванд - бидуни истифодаи қувваи ҳарбӣ, бидуни зарар ба аҳолии маҳаллӣ.
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
“Як км вориди Қирғизистон шуданд”: шарҳи КДАМ Тоҷикистон дар бораи иддаои расонаҳои қирғиз
Қаблан расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.
Дар робита ба ин мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби ҳамсоякишварро рад кард.
Ҳамзамон Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.
Аэропорт в Лахше - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
“Нерӯҳои низомӣ дар марз ҷамъ шудаанд”: дар Лахш чӣ мегузарад?
“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Могила отца премьер-министра Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Хистеварз”: қабри падари сарвазири Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ?
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Дар ҳамин ҳол ҷониби Қирғизистон ахиран тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст.
Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонид ва фурӯши чиптаҳоро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пурра манъ кард.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 987 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала