Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

"Ин заминҳо аз моянд": Тошиев вазъи марз бо Тоҷикистонро шарҳ дод

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПарламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра
Парламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба нақзи созишнома муттаҳам мекунад. Аммо Тоҷикистон мегӯяд, ягон қонуншиканӣ сурат нагирифтааст
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Қамчибек Тошиев, роҳбари КДАМ Қирғизистон, ки феълан дар ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ош қарор дорад, бо сокинони ин минтақа суҳбат анҷом додааст, менависад Sputnik Қирғизистон.
Тошиев изҳор доштааст, ки 1100 гектар замини наздисарҳадӣ дар мавзеи Унжу Булоқи ноҳияи Ҷон Алай номуайян ҳисобида мешавад.

"Ҳудуди 1100 гектар замин номуайян дониста мешавад. Тоҷикон харитаҳои солҳои 1924 ва 1989 - ро асос медонанд. Аммо мо ин заминро аз они худ медонем, бинобар ин он ҳудуди номуайян маҳсуб мешавад. Аз ҷониби мо пост, аз ҷониби онҳо низ ҳаст. Вақтҳои охир онҳо талош доранд, минтақаҳои номуайянро аз худ кунанд. Имрӯз маҳз ҳамин ҳолат рух дод", - шарҳ додааст Тошиев.

Қаблан расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ош ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Аммо маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни як баёния изҳороти ҷониби Қирғизистонро рад карда, гуфта буд, ки он ба воқеият мувофиқат намекунад, зеро ин қисмати марз аз сӯи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон тасвир шудааст.
Зимнан, Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду давлат дар робита бо рухдоди ахири марзӣ ба ҳамдигар нота супориданд.
Лентаи хабарҳо
0