Макон ва санаи баргузории Форуми байналмилалии “Душанбе Инвест-2021” маълум шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека в Душанбе, архивное фото
Национальная библиотека в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Форуми байналмилалии “Душанбе Инвест-2021”, дар нимаи якуми моҳи июли соли равон дар Душанбе баргузор мегардад.
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе санаи 14-16 июли соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии “Душанбе Инвест-2021” бо ҳузури садҳо сармоягузорони дохиливу хориҷӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст кумитаи сармоягузории ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Раиси Кумитаи Сармоягузори Саъдӣ Қодирзода дар ин бора ҳангоми мулоқот бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл ишора кард.
Раиси Кумита доираҳои сармоягузории Туркиярот барои иштирок дар Форуми байналмилалии “Душанбе Инвест-2021”, ки нимаи якуми моҳи июли соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват кард.
Завкизода Завки встретился с Торговым представителем РФ в Таджикистане Кореньковым Евгением - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Завқизода ва Коренков масъалаи ҷалби сармоягузорӣ аз Русияро баррасӣ карданд
Инчунин, зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармояи мустақим аз Ҷумҳурии Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дурнамои рушди ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии ду кишвар, пешбурди савдо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Манбаъ зикр намудааст, ки дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобалан судманд барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, сохтмон, саноат ва дигар самтҳои афзалиятнок иброз намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала