Бонки миллӣ ба ширкти “СИ ЭЙЧ ЭЛ ИНТЕРНЕШНЛ” барои фаъолияти махсус иҷозатнома дод

© SputnikНациональный банк республики Таджикистан. Архивное фото
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Бонки миллии тоҷикистон ба ширкати “СИ ЭЙЧ ЭЛ ИНТЕРНЕШНЛ” барои фаъолияти махсус бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба ширкати “СИ ЭЙЧ ЭЛ ИНТЕРНЕШНЛ” барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод.
Манбаъ қайд кардааст, ки қарори мазкур аз сӯи раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 1 июни соли 2021 ба имзо расидааст.
“Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” Раёсати Бонки миллӣ бо қарори навбатии худ аз 1 июни соли 2021, таҳти №101 ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “СИ ЭЙЧ ЭЛ ИНТЕРНЕШНЛ” барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод”, - таъкид доштааст манбаъ.
Председатель Национального банка Таджикистана Хоким Холикзода при выдаче лицензии действующиму Директору «Паймон Страхование» Темуру Мирсалимову - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Бонки миллӣ ба "Созидание" ва "Паймон Иншуренс" барои фаъолият иҷозатнома дод
Бонки миллӣ қайд кардааст, ки департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала