Дипломатҳои тоҷик барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба Ӯзбекистон мераванд

© МИД РТВстреча замминистра МИД РТ с делегацией Узбекистана
Встреча замминистра МИД РТ с делегацией Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Дар Душанбе миён и Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 05 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе мулоқотҳои Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиц Имомӣ бо ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Мудири Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон Анвар Носиров, баргузор гардиданд.
Бояд гуфт, ки ҳайати Ӯзбекистон барои ширкат дар Конфронси муштараки илмӣ-амалӣ “Нуқтаҳои нави рушди тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” вориди Душанбе шудааст.
Манбаъ таъкид доштаааст, ки дар рафти мулоқотҳо аҳамияти баргузории чорабиниҳо дар чаҳорчӯби омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ба вежа Конфронси зикргардида, ки барои таҳкими равобити ҷомеаи коршиносони ду кишвар ва ҷустуҷӯи нуқтаҳои нави рушди тавсеа ва ҳамкории босамар саҳмгузор хоҳад буд, таъкид гардид.
© МИД РТВстреча замминистра МИД РТ с делегацией Узбекистана
Встреча замминистра МИД РТ с делегацией Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Встреча замминистра МИД РТ с делегацией Узбекистана
ВУХ-и Тоҷикистон зикр намудааст, ки ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии ҳамкории судманд миёни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хидмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ намуданд.
“Дар поён Созишномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои зикршуда ба имзо расид”, - таъкид доштааст манбаъ.
Қайд гардидааст, ки мулоқотҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала