Ғолибон маълум шуданд: дар Душанбе марафони дучархаронӣ ба анҷом расид

© Sputnik Веломарафон в Душанбе
Веломарафон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе марафони дучархаронӣ ба анҷом расид ва барандагони мусобиқа эълон шуданд
ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист марафони дучархаронӣ таҳти шиори “Велосипед барои табиат” баргузор гардид
Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист аз сӯи СММ соли 1972 эълон шудааст ва муҳимтарин рӯзи экологии сол ба ҳисоб меравад.
Марафони дучархаронӣ таҳти шиори “Велосипед барои табиат” баргузор гардид
© Sputnik Веломарафон в Душанбе
Веломарафон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Веломарафон в Душанбе
Дар ин мусобиқа хоҳишмандон барои ширкат дар веломарафон пешакӣ, соати ҳафт худро сабти ном карданд.
Марафони мазкур соати ҳашти субҳ аз МД “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз гардида, то роҳи ҳалқавии Товус ҳаракат намуда, баргашта ба "Наврӯзгоҳ" ба марра мерасад. Озмун якчанд номинатсияро дар бар мегирифт.
Дар ин мусобиқи ҳама, аз ҷумла велосипедрони касбӣ, ҳаваскорон, паралимпиадачиён ва наврасон ширкат варзиданд.
Дар марафони дучархаронӣ якчанд номинатсия пешбинӣ шуда буд.
© Sputnik Веломарафон в Душанбе
Веломарафон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Веломарафон в Душанбе
Ҳамин тавр, дар қатори ба сегонаи беҳтарин дучархаронони касбӣ Акрам Урумбоев, Муҳаммадҷон Азизов, Исфандиёр Ҳасанов шомил буданд.
Миёни варзишгарони паралимпӣ пирӯзиро Раҳматулло Алифов, Ҳайдар Шарифов ва Амдин Сайдалиев ба даст оварданд.
© Sputnik Веломарафон в Душанбе
Веломарафон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Веломарафон в Душанбе
Миёни наврасон бошад, Азиз Окилов, Александр Булаев ва Умед Абдураҳмонов ғолиб омаданд.
Инчунин, дучархаронони ғайрикасбӣ низ дар ин мусобиқа тавоноии худро нишон доданд: Тилабов Шокир, Човидон Кузиев, Муҳаммад Азизов дар ин мусобиқа ғолиб омаданд.
1/4
2/4
3/4
4/4
1/4
2/4
3/4
4/4
Ғолибони мусобиқа бо мукофотҳои хотиравӣ ва пулӣ сарфароз гаштанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 5 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0