Ғарқшавии се наврас давоми як рӯз дар Тоҷикистон: танҳо ҷасади якеро ёфтанд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Дар давоми рӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ се кӯдак ғарқ шудааст, ки то ҳол ҷасади якеро пайдо кардаанд
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Ҳамаи ғарқшавиҳо дар дар обанборҳо аз беназоратии калонсолон сурат гирифтааст, хабар медиҳад, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, санаи 4 июни соати 10:03 ба вақти маҳаллӣ, ба бахши навбатдори КҲФ маълумот расидааст, ки як сокини 10-солаи деҳаи Ҷавони ҷамоати деҳоти А.Авазови ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар дарёи Ёксу ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, барои гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Восеъ ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, дар якҷоя бо аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯиро анҷом дода, пас аз 51 дақиқа ҷасади писарак ёфт ва ба хешовандонаш супорида шуд.
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Ду ғарқшуда дар рӯди Сир давоми як рӯз: дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ кардаанд
Ба гузориши КҲФ, ҳодисаи дуюм дар ҳудуди шаҳри Ҳисор рух дода, навраси 13-сола, сокини деҳаи Латахораки ҷамоати деҳоти Хонакоҳи Кӯҳи ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Хонакоҳи Кӯҳӣ ғарқ шудааст.Ҷараёни тез онро дар зарфи якчанд сония дар зери об пинҳон кардааст.
Кормандони шӯъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, якҷоя бо аҳолии маҳаллӣ фавран ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ шурӯъ карданд, то ҳол натиҷа надодааст. Дар айни замон, корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
КҲФ мегӯяд, ҳодисаи сеюм дар қаламрави шаҳри Ваҳдат сабт шудааст.
Соати 19:09 ба вақти маҳаллӣ, ба шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодаи КҲФ хабар расид , ки як сокини 12-солаи деҳаи Ҷангалободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Коферниган ғарқ шудааст.
Река Душанбинка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Дар Душанбе навраси 16 - соларо аз марг наҷот доданд
Гуфта мешавад, кофтукови гурӯҳи наҷотбахшон то ҳол натиҷа надода ҷасад пайдо нашудааст.
Тибқи иттилои рн ниҳод, тайи 5 моҳи соли 2021 дар обанборҳои кишвар 34 нафар ғарқ шуданд, ки аз он 14 кӯдакон ва наврасони то 16-сола будаанд.
Дар робита ба ин ҳолатҳо Кумита аз волидон қатъи даъват ба амал овардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала