Ҳушдори обуҳавошиносон: бе зарурат кӯча набароед, ҳарорати ҳаво то 46 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешЖара в Таджикистане, архивное фото
Жара в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Аз санаи 5 то 9 июни соли равон бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои гарму хушк аз самти минтақаҳои ғарб дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водибуда ҳарорат то 37+42 ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 43+46 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 31+36 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.
Манбаъ таъкид доштааст, ки рӯзҳои 5-8 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи мамлакат шамол бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония вазида, ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.
Жара в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Гармои тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи обу ҳаво барои 5 июн дар Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки гармии зиёд метавонад сабабгори обшавии барфҳо дар кӯҳҳо шуда, боиси болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва омадани сел дар маҳалҳои ҷудогонаи кӯҳӣ ва наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадашон шавад.
Аз ин рӯ аз меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз нурҳои офтоб дурӣ ҷӯста, кӯшиш кунанд ҳамеша дар соя бошанд ва рӯзона, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароянд.
Ҳамзамон бо мақсади пешгирӣ аз хатари сел аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки пайваста селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳои назди манзили истиқоматии худро аз ҳар гуна партову хасрӯбаҳо тоза кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала