Мувофиқаи раисони вилоятҳои Суғду Бодканд барои дар марз мустақар накардани нерӯҳо

© Кайрат ЖапаровВоеннослужащие Кыргызстана на территории приграничных кыргызских сел в Баткенской области, где идет конфликт с Таджикистаном. 29 апреля 2021 года
Военнослужащие Кыргызстана на территории приграничных кыргызских сел в Баткенской области, где идет конфликт с Таджикистаном. 29 апреля 2021 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Обуна шудан
Роҳбарони минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтушунид карда, ба мувофиқа расидаанд, ки нерӯҳояшонро дар марз мустақар накунанд
ДУШАНБЕ, 5 июня – Sputnik. Гуфтугӯи телефонӣ байни раисони вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷобба Аҳмадзода ва Ботканди Қирғизистон Абдикарим Алимбоев баргузор шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
"Сарони минтақаҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба минтақаи наздимарзӣ низомиён вуруд ё мустақар карда нашаванд, то сокинони маҳаллӣ ваҳм накунанд. Онҳо инчунин тавофуқ карданд, ки посбонии муштараки полисро дар марз тақвият диҳанд", - гуфтанд дар сафорат.
Пас аз музокирот аз номи сарони минтақаҳо, раисони Исфара ва Ботканд, инчунин сарони ноҳияҳои Лайлак ва Ғафуров мулоқот карданд.
Гуфта мешавад, ки мақомоти маҳаллӣ барои пешгирии муноқишаҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ мекунанд.
Ба иттилои ҷониби Қирғизистон, вазъ дар манотиқи марзиӣ ором аст.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта расонаҳои Қирғизистон иддао нашр карданд, ки ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Чон Олойи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.
Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби Қирғизистонро рад кард.
Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Суҳбати телефонии Тошиев бо Ятимов: раиси КДАМ Тоҷикистон ба Лахш меравад
Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш низ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.
“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.
Аммо Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.
“Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”, -гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард.
Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти Хоҷаи Аъло маъруф ба “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Граница, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон сокинонро аз деҳоти наздимарзӣ бо Тоҷикистон берун карда истодааст - аксҳо
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Бишкек ва Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0