Песков гуфт, Русия кай эмугузаронии хориҷиёнро сар мекунад

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Роҳбари Вазорати тандурустии Русия қаблан қайд карда буд, ки аввал он хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд, эм мешаванд
ДУШАНБе, 5 июн - Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба РИА Новости гуфт, эмкунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия алайҳи коронавирус метавонад дар ояндаи наздик оғоз шавад.
"Ин эҳтимол дорад суоли як ё ду моҳ бошад, . Ҳама чиз, албатта, фавран хоҳад буд, зеро талабот ба ваксина зиёд аст", - гуфт ӯ.
Қаблан Владимир Путин дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи байналмилалии сармоягузорӣ ва ширкатҳои хориҷии истеҳсолкунандаи ваксини Sputnik V гуфта буд, ки Русия барои эмгузаронии пулакии хориҷиён шароит фароҳам хоҳад овард.
Вай ба ҳукумат супориш дод, ки ин масъаларо то охири моҳ кор карда барояд.
Тавре ки роҳбари Вазорати тандурустӣ Михаил Мурашко қайд кард, ин идея асосан ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Федератсияи Россия кор мекунанд, дахл дорад.
Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Путин: ваксини сохти Русия аз ҳама муассиру бехавф аст
Ҳоло дар Русия се ваксинаи ду компонентӣ - "Спутник V", "ЭпиВакКорона" и "КовиВак"
дастрасанд. Ғайр аз он, "Спутник Лайт" ҷузъи якуми "Спутник V" низ сабти ном шудааст.
Ба гуфтаи роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия Кирилл Дмитриев, ин дору асосан ба бозорҳои хориҷӣ нигаронида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала