Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз марз ба мувофиқа расидаанд - Видео

© Аз саҳифаи Отурбек Рахманов дар ФейсбукМузокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон
Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи хуруҷи нерӯҳояшон аз марз ба мувофиқа расидаанд
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Дар ин бора пас аз гуфтушунид бо роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчинбек Ташиев ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст, менависад Sputnik Қирғизистон.

"Аз дирӯз мо бо роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар марз Саймумин Ятимов мулоқотҳо ва гуфтушунидҳо анҷом додем. Музокироти дирӯза бенатиҷа буд, аз ин рӯ маҷбур шудем сокинони деҳаҳои худро кӯчонида бароем. Имрӯз музокирот идома ёфт ва соати 13:00 ба поён расид. Пас аз мулоқот, ман гуфта метавонам, ки он бомуваффақият ба анҷом расид. Мо ба мувофиқа расидем ва протоколи муштарак қабул кардем", - гуфтааст Тошиев.

Ба гуфтаи Тошиев, протокол аз 7-8 банд иборат буда, бар асоси он танҳо кормандони Хадамоти марзбонӣ дар сарҳад хоҳанд монд ва дигар нерӯҳои иловагӣ ба ҷойи муқаррарияшон бармегарданд.
Вай афзуд, ки ба зудӣ ба мақомоти давлатӣ амр хоҳад дод, то сокинони кӯчонидашудаи деҳоти минтақаи Чон-Олойро баргардонанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта расонаҳои Қирғизистон иддао нашр карданд, ки ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Чон Олойи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.
Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби Қирғизистонро рад кард.
Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш низ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.
Военнослужащие Кыргызстана на территории приграничных кыргызских сел в Баткенской области, где идет конфликт с Таджикистаном. 29 апреля 2021 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Мувофиқаи раисони вилоятҳои Суғду Бодканд барои дар марз мустақар накардани нерӯҳо
“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.
Аммо Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.
“Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”, -гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард.
Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти Хоҷаи Аъло маъруф ба “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
“Қаламрави мост”: нота ба сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Бишкек ва Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала