Завқизода ва Коренков масъалаи ҷалби сармоягузорӣ аз Русияро баррасӣ карданд

© Министерство экономики и торговли РТЗавкизода Завки встретился с Торговым представителем РФ в Таджикистане Кореньковым Евгением
Завкизода Завки встретился с Торговым представителем РФ в Таджикистане Кореньковым Евгением - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо намояндаи тиҷоратии Русия масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ аз Русия, таъсиси корхоноҳаи муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии Конфронси байниминтақавии Тоҷикистону Россияро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Ахиран дар шащри Душанбе мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Коренков Евгений баргузор гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ зимни мулоқот қайд намудааст, ки имрӯзҳо муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
“Федератсияи Русия яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар даҳсолаи охир ҷойи аввалро дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ишғол менамояд”, - таъкид доштааст вазир.
Таъкид гардидааст, ки дар рафти вохӯрӣ, ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ аз Русия, таъсиси корхоноҳаи муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии Конфронси байниминтақавии Тоҷикистону Россияро муҳокима намуданд.
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Бонки рушди АвруОсиё: Русия метавонад барои рушди иқтисоди Тоҷикистон кумак намояд
Зикр грдидааст, ки дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор карданд.
Ёдрас мешавем, ки дар давоми се моҳи соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Русия ва Тоҷикистон 223,5 миллион доллар ё 14 дарсад коҳиш ёфт. Тоҷикистон аз Русия бештар маҳсулоти нафтӣ, гандум, орд, равған ва дигар маҳсулот ворид намудааст.
Дар ҳамин ҳол гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону кишварҳои ҳамсуд дар се моҳи соли равон 409,4 миллион долларро ташкил додааст.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи як нишасти доираҳои соҳибкории Русияву Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, солҳои 2007-2020 Русия дар иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,6 миллиард доллари ИМА сармоя ворид кардааст.
Аз ин ҳудуди 900 миллион долларро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала