"Аробакашӣ" - и Шукруллоева: ӯ куталро падёмча гуфту хурҷинро бори аввал шунид - видео

© Instagram / Парвина ШукруллаеваПарвина Шукруллаева
Парвина Шукруллаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Обуна шудан
Парвина Шукруллоева дар танӯр нон пухт, ароба кашид, алаф даравид, таппак кард ва шир ҷӯшид.
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Овозхони машҳур, сарояндаи шоистаи Тоҷикистон, ки солҳои охир тарки саҳна кардааст, Парвина Шукруллоева дар барномаи "Бонуи пурҳунар" дар бораи зиндагии шахсияш гуфт ва як рӯзашро дар деҳот гузаронид.
Парвина Шукруллоева дар танӯр нон пухт, ароба кашид, алаф дараваид, таппак кард ва шир ҷӯшид.
Парвина Шукруллоева дар бораи зиндагии шахсияш суҳбат карда гуфт, соҳиби ду фарзанд - Табриз ва Амили ҳаст, вале шавҳар надорад.

"Дили ман озод аст. Ман як зани озоди соҳибихтиёри шарқиям", - гуфт Парвина Шукруллоева.

Дар барнома, ки як шарташ суҳбат кардан ба забони тоҷикӣ буд, Парвина зимни ба хурҷини хар бор кардани алаф калимаи хурҷинро надонист ва баъди фаҳмидан гуфт, ин вожаро нав шунид.
Ҳамчунин Парвина калимаи куталро бори аввал шунида маънояшро подёмча гуфт.
Парвина Шукруллоева дар ин барнома ба хубӣ аз уҳдаи ҳамаи корҳои деҳот аз қабили говҷӯшӣ, алафдаравӣ, таппаккунӣ ва аробакашӣ баромад. Ӯ гуфт, барояш чунин корҳоро анҷом додан, ҷолиб аст.
Парвина Шукруллаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2019
Пас аз хомӯшиҳо: нашри суруди нави Парвина Шукруллоева
Аз навор дида мешавад, чӣ гуна Парвина Шукруллоева бо ҷиддият ҳар як кори барояш навро анҷом медиҳад ва боиси таҳсини ровии барнома ва ҳатто соҳиби хона мешавад.
Парвина Шукруллоева сарояндаи саршиноси тоҷик, ки солҳост аз саҳнаи санъат дур аст, пеш бо сароидани сурудҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ миёни мардуми Тоҷикистон шуҳрат дошт.
Яке аз сурудҳои машҳури охиринаш "Кӯлоби ман" буд, ки дар ҳамовозӣ бо ситораи санъати тоҷик Шабнами Сурайё иҷро шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0